Шарҳи КҲФ дар бораи инфиҷори ошхонаи "Самарқанд"-и Панҷакент: 23 нафар ҷароҳат бардошт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд дар пайи инфиҷори балони газ дар ошхонаи Самарқанди шаҳри Панҷакент 23 нафар захм бардоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ба иттилои бахши панҷакентии ин ниҳод, бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи Самарқанд воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 157-и шаҳр 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.

Таркиши чойхона дар хиёбони Рӯдакӣ: 12 нафар ба бемористон интиқол ёфт

Манбаъ мегӯяд, ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин гузориш шудааст.

"Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд",-афзудааст манбаъ.

Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинони кишвар дархост кардааст, ки дар ин фасли сармо дар истифода аз баллонҳои гази моеъ эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. 

Инфиҷори балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ҷон бохту як тани дигар бистарӣ шуд

Ёдовар мешавем, ин ҳодиса 25 январ сар зада буд, ва КҲФ ҳамакнун маълумоти дақиқро дар бораи зарардидагон интишор кард.