ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Интихоботи навбатии президентӣ дар Ӯзбекистон моҳи октябри соли равон баргузор хоҳад шуд, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
"Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон метавонад рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми октябр баргузор шавад", - менависад агентӣ.
Таъкид шудааст, ки санаи интихобот дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар палатаи поёнӣ муҳокима карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш дар Ӯзбекистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ баргузор гардид ва дар он қайд карда шуд, ки ҳайати САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки интихоботи парлумониро мушоҳида кард, як қатор тағйироти мусбатро дар системаи миллии интихоботии кишвар эътироф кардааст.
Норозигии вазири тоҷиктабори навтаъйин дар Ӯзбекистон аз коғазу маҷлисбозӣ ва беташаббусӣ
Бояд қайд кард, ки дар Ӯзбекистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.
Натоиҷи интихоботи такрории Узбакистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд
4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд ва Мирзиёев, ки но замон сарвазир буд, пирӯз шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 88,61% интихобкунандагон раъй доданд.
Президент Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб кишварро идора мекард, 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.