ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Мусобек Мироватов, яке аз шогирдони марҳум дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки олими варзида, инсони ҳақиқатхоҳу хоксор Масаид Шерматов рӯзи гузашта аз дунё даргузашт.
“Рӯзи гузашта маросими поси хотира доир гардид ва дар он ректори донишгоҳ, омӯзгорону ҳамкорон ва шогирдони марҳум иштирок карданд. Даргузашти Масаид Шерматов талафоти ҷуброннопазир дар соҳаи физикаи тоҷик аст. Ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият баён менамоем”, - зикр кард Мироватов.
Масаид Шерматов профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 20 майи соли 1944 дар дехаи Хиштхонаи ҷамоати Понгози ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Таҳсили ибтидоиро нахуст дар мактаби ҳафтсолаи №13 ва баъдан дар мактаби №7 ба номи устод С. Айнӣ дар деҳаи Бободархон давом додааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1961 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Хуҷанд меояд ва ба факултети физика ва математикаи Институти давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ҳозира Хуҷанд ба номи С.М. Киров (алҳол МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дохил мешавад.
Соли сеюми таҳсил Шерматов бо хохиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи Ватан-Модарро сарбаландона адо намудааст.
Соли 1969 Донишкадаро хатм намуда, соҳиби дипломи аълои мактаби олӣ мегардад. Шерматов фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби №1-и шаҳри Қургонтеппа, ҳозира Бохтари Хатлон оғоз намуда, як сол баъд ба факултети физикаю математика дар донишкада ба кор даъват карда мешавад. Аз ҳамин замон ин олими фарҳехта ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мешавад.
Солхои 1970-1971, Шерматов ба Душанбе сафар намуда, ба сифати муҳаққиқ-коромӯз дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) адои вазифа менамояд. Соли 1972 ӯ ба шуъбаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи физикию техникаи ба номи А. Ф. Иоффеи шаҳри Ленинград (алҳол Санкт-Петергбург) дохил мешавад ва соли 1976 онро бомуваффақият хатм мекунад.
Соли 1978 М. Шерматов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Хосиятҳои махсуси деформатсионӣ ва вайроншавии полимерҳои самтнокшуда дар шароити сохторашон ноустувор" аз рӯи ихтисоси физика-математика дифоъ мекунад.
Ҳамин тавр, ӯ аввалин шогирди Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд буд, ки дар ин марказ соҳиби унвони илмӣ гаштааст.
Ҳамкорӣ бо устодони пурмаҳсул ба монанди А. И. Слутскер ва В. С. Куксенкоро барои худ мояи ифтихор медонад. Шерматов аз соли 1981 то ин вақт 34 ихтироъи илмӣ карда, дар 30 тои он ба гирифтани патент комёб шудааст.
Ба ин далел ӯ аз муваффақтарин олимони тоҷик ба шумор меравад. Тадқиқотҳои ӯ аз ҷумла ба наххои табииӣ - пахта, абрешим ва пашм нигаронида шудааст.
Соли 2009 Шерматов ба гирифтани унвони “Бехтарин ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудааст.
Ӯ 50 сол ин ҷониб ба шогирдон дарс мегуфт ва ба гирифтани унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи муҳандисии кишвар ва аъзои фахрии Академияи улуми Ню-Йорки ИМА, сарвари ихтироъкорони Донишгоҳ, раиси Шӯрои собиқадорони факултети физикаю техника мебошад. Бино ба иттилои дарёфтӣ ҷанозаи Шерматов дар зодгоҳаш деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт ба хок супорида шудааст.