Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.