Барои фасодкорию сӯистифодаи мансаб: собиқ роҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон боздошт шуд

Қаблан дар бораи як парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ мақомдор Абдил Сегизбоев бо моддаи "Коррупсия" хабар дода шуда буд. Ҳоло ӯ инчунин дар сӯиистифода аз мақом ҳангоми роҳбарии хадамоти махсус гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдил Сегизбоев боздошт шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Қирғизистон.

Боздошти сардори БДА - и вилояти Чуй

Гуфта мешавад, ки рӯзи 14 январ аз собиқ вакили парлумон Алмамбет Шикмаматов ва шахсони дигар дар бораи амалҳои ғайриқонунии собиқ роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин вазифа муроҷиатнома қабул карда шуд.

Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон дигарбора боздошт шуд-видео

Дар иттилоияи Прокуратураи генералӣ қайд карда мешавад, ки амалҳои ғайриқонунӣ дар бадномкунии барқасдонаи вакилон Алмамбет Шикмаматов, Омурбек Текебаев ва Аида Салянова дар назди аҳолӣ ва дидаву дониста айбдор кардани онҳо ба содир кардани ҷиноят, аз ҷумла, дар бораи сӯистифода аз мансаб ифода ёфта, дигар амалҳои ғайриқонунии Сегизбоев ба истилоҳ "Белизгейт" будааст, қайд кардааст ин ниҳод.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи ҳарбӣ далелҳои ҷиноятҳои содиркардаи Сегизбоевро дарёфт карда, пас аз он вай боздошт ва дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Бишкек овардаанд, гуфт мақомоти асосии назорат.

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон боздошт карданд

Пеш аз он хабар дода мешуд, ки ӯро барои бозпурсӣ даъват кардаанд.

Қаблан Додситонии кулл Сегизбоевро ба фасод дар табдили замин муттаҳам кард. Худи сиёсатмадор даст доштани худ дар ин парвандаро рад кард.

Сегизбоев дар интихоботи гузашта номзад ба мақоми президенти Қирғизистон буд. Ӯ 20 ҳазору 335 овоз гирифт, ки ин 1,46 фоизи интихобкунандагон буд.

Отамбоев озод мешавад? эътирози ҷонибдорони ӯ назди бинои додгоҳ - навору акс

Пас аз интихобот, Сегизбоев эълон кард, ки ба оппозисиюни ҳукумати нав меравад.

Вай аз соли 2015 то 2018 Кумитаи давлатии амнияти миллиро роҳбарӣ кардааст.

14 ноябри соли 2016 сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдил Сегизбоев ба президенти вақти он кишвар Алмосбек Отамбоев дар бораи гирифтани санадҳои боэътимод аз Белиз хабар дод.

Онҳо гӯё дар бораи манфиати се мансабдори собиқи баландпоя, вакилони собиқи парлумон Омурбек Текебоев, Аида Салянова ва вакили парлумон Алмамбет Шыкмаматов ба Southfield Management Inc шаҳодат медиҳанд, ки аз нисфи фурӯши саҳмияҳои ЗАО "Альфа Телеком" (бренди MegaCom) 50 миллион доллар ба даст овардаанд.

Қирғизистон даъво дорад, ки як шаҳрвандаш дар Хуҷанд боздошт шудааст

Соҳиби ин ширкат, эҳтимол дорад, Максим Боқиев бошад. Ин ҷанҷол "Белизгейт" ном гирифт.

Моҳи сентябри соли 2018 маълум шуд, ки КДАМ ин ҳуҷҷатҳоро нагирифтааст ва парванда ба қайд гирифта нашудааст.

Соли 2016 бо сабаби набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз нашудааст, қайд кардааст прокуратура. Баъдтар маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳо дар Кумитаи давлатӣ бо тамғаи "Тамоман махфӣ" гузошта шудаанд.