Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод

Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур озодапалангро дастгир карда, тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаи кӯҳӣ раҳо намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба сокини маҳаллӣ бабри барфӣ хисороти калон расондааст, хабар медиҳад бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур.

Бабри барфӣ муаррифгари Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Олмон

Ба иттилои манбаъ, озодапаланг ба оғилхонаи сокини ин ноҳия ворид шуда, дасти кам 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан, аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, озодапаланг дастгир гардида, бидуни расонидани осеб ва тибқи коидаҳои бехатарӣ ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки зарари расида ба сокини маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ҷуброн карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бабрҳои барфии калонсол, бинобар беқувватии худ дар фасли сармо асосан ба оғилхонаҳои сокинони маҳаллӣ даромада, ҳайвоноти майдаро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.

Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуд ҳайвон ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил гардидааст. 

Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти озодапаланг маҳз дар ВМКБ аст.