Ҷузъиёти парвандаи модаре, ки дар рӯзи ид 4 кӯдакашро кушт: фоҷиаи оилаи Тоировҳо

Додситонии кулли Тоҷикистон бархе тафсилоти парвандаи Назокатхон Тоирова, сокини 30-солаи ноҳияи Кӯшониёнро, ки чор фарзанди хурдсолашро кушт, нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонӣ, Тоирова Назокатхон, дар хонаи истиқоматияш 4 кӯдаки аз 1 то 9-солаашро куштааст. Ҷинояти мудҳиш тақрибан соати 13:00-и рӯзи 9 сентябр содир шудааст, ки дар Тоҷикистон дар ин рӯз ҷашни Истиқлол таҷлил мешавад.

Дар сарашон селофан кашидааст: ВКД куштори чор писари хурдсол аз сӯи модарашонро шарҳ дод

Манбаъ афзуд, ки Назокатхон 4 писараш – Аниси 1,5-сола,  Юнусҷони 6-сола,  Акбари 8-сола ва Юсуфҷони 9-соларо бо роҳи буғӣ кардан куштааст.

Қатли чор писари хурдсол аз сӯи модарашон дар Хатлон: худаш ба пулис хабар додааст

Додситонӣ афзуд, ки ин зан пас аз ба охир расонидани ҳаракатҳои ҷинояткоронааш бо мақсади даст ба худкушӣ задани 10 дона ҳаби "демидрол"-ро истеъмол карда, ба ҳуҷрае, ки ҷасадҳои фарзандонаш хобида буданд даромада, бо ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти худ, шавҳараш ва фарзандони ноболиғаш оташ мезанад.

“Азбаски ӯ доруи демидролро истеъмол карда буд, дар назди ҷасадҳои фарзандонаш хобаш мебарад ва новобаста аз иродаи ӯ оташ аланга нагирифта, хомӯш мегардад. Тахминан соати 16:00, ӯ аз хобаш бедор шуда, бо худиқрорӣ ба идораи милиса дар шаҳри Бохтар ҳозир шудааст”, - таъкид кард додситонӣ.

Додгоҳ дар пайи баррасии қазия Назокатхон Тоироваро ба 25 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.