Таъйиноти кадрӣ дар бонки давлатии навтаъсиси Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат мақомдорони баландпояи блоки иқтисодиро ба ҳайси аъзои бонки нави давлатии навтаъсис дар кишвар таъйин намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, Саъдӣ Қодирзода, ки роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро ба уҳда дорад, узви раёсати “Саноатсодиротбонк” таъйин гардидааст.

Бонки миллӣ иҷоза дод: дар Тоҷикистон боз як бонк ба кор шурӯъ мекунад

Инчунин Юсуф Маҷидӣ, ноиби вазири молияи Тоҷикистон низ узви раёсати “Саноатсодиротбонк” шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо дастури раисиҷумҳур,  тобистони соли гузашта дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд.

Раисиҷумҳур Бобозода Ҳокимшо Ҷурахонро раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии ҷумҳурӣ “Саноатсодиротбонк” таъйин карда буд, ки қаблан роҳбарии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукуматро ба уҳда дошт.

Бар асоси оиннома, дафтари марказии бонки ҷадид дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 ҷойгир буда, дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагӣ дорад.

Таъсиси бонк дар пайи он сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба Ҳукумат дастур дод, то “барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад”.