Сӯхтор дар Бозори "Султони Кабир" - видео

Субҳи имрӯз дар "Султони Кабир", ки яке аз бозорҳои калонтарини пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад оташсӯзӣ сар зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бозори "Султони Кабир", ки яке аз бозорҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, субҳи 25-уми январ (тақрибан соати 07:00 субҳ) оташ гирифт.

Бино бар иттилои шоҳидони ин ҳодиса, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворҳо нашр карданд, ҳоло мағозаҳои наздики бозор пурра ба коми оташ рафтаанд.

Бархе аз соҳибкорон таъкид карданд, ки  оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои вижаи интизомӣ маҳалро баста соҳибкоронро намегузоранд, ки дохили бозор шаванд.

Кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то ҳол сабабҳои сӯхторро шарҳ надодаанд, аммо ба назар мерасад, ки сабаби сӯхтор риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, эълон шавад.

Чунки ба гуфтаи бархе дигари шоҳидон сӯхтор дар тарафи чапи бозор, яъне ҳавлии бозори "Султони Кабир", ки макони фурӯши балонҳои газ аст, сар задааст.

Ҳаҷми хисороти ин сӯхтор низ ҳанӯз муайян карда нашудааст.

Гуфта шудааст, ки ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби кормандони милитсия ҳаматарафа таҳқиқ ва баррасӣ карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.