Тасвиби грант барои таъмини тоҷикистониён бо кор

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии Рушдро тасвиб кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” равона мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ки маблағи умумии лоиҳа 34,65 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Бонувони Сангвор 400 000 сомонӣ грантҳои президентиро чӣ гуна масраф мекунанд?

“Аз он 30,0 млн. доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд, 1,5 млн. доллар аз ҳисоби гранти Хазинаи Ҷопон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва 3,15 млн. доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст”, - изҳор дошт Маҷидӣ.

Ноиби вазири молия афзуд, мақсади лоиҳа беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бакортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва беруна мебошад.

“Аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии Маркази омӯзиши соҳаи туризм ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази омӯзиши соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва Маркази омӯзиши соҳаи агросаноатӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин, се маркази хизматрасонии муҳоҷирон дар ноҳияи Восеъ, шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд дар назар дошта шудаанд”, - иттилоъ дод Маҷидӣ.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли ноиби вазири молия афзуд, дар доираи лоиҳа инчунин идрорпулӣ барои занҳои танҳо, аз оилаҳои камбизоат, хариди ҳашт адад микроавтобус дар марказҳои омӯзишӣ ва  чор воситаи нақлиёти хизматрасонии маъмурӣ дар назар аст.

Ташкили низоми нави иттилоотии бозори меҳнат тавассути таҷҳизоти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, омӯзиши ҳайати коргарон ва баҳрагирандагони лоиҳа оид ба рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсион, ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва тақвияти рушди касбии муҳоҷирони меҳнатӣ аз бандҳои дигари лоиҳаи мазкур арзёбӣ шудааст.