ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Тошқулов гуфт, дар ин ҷо касе ташаббускорӣ намекунад, зеро тартиби кор дуруст ташкил нашудааст, захираҳои инсонӣ нодуруст идора мешаванд, хабар додааст хабарнигори сомонаи “Фараж” дар Тошканд бо такя ба дафтари матбуоти вазорат дар саҳифаи шабакаи интернетии худ навиштааст.
“Ходимон аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ хаста шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба оила ва тарбияи фарзандони худ расидагӣ намекунанд. Дар ҷое, ки озод кор кардан ва фикрронӣ нест, барои истироҳат шароит фароҳам оварда нашудааст, натиҷаи кори босамарро талаб кардан имконнопазир мегардад”, - гуфтааст Абдуқодир Тошқулов.
Манбаъ афзуд, ки вазир аз фаъолияти баъзе сохторҳои ин ниҳод ибрози норизоӣ кардааст Ӯ зарур хондааст, ки минбаъд фаъолияти ин сохторҳо мунтазам мониторинг карда мешавад ва мутахассисони хуб қадрдонӣ, вале шартномаи онҳое, ки аз ӯҳдаи иҷрои кори худ намебароянд, бекор карда мешавад.
Ба гузориши “Фараж”, вазири навтаъйин тақозо намудааст, ки ба коғазбозиҳои беҳуда хотима гузоранд, баҳудаву беҳуда маҷлисбозӣ накунанд, ба кору вазифаашон бо эҳсоси масъулият муносибат намоянд.
Абдуқодир Тошқулов аз адами шароит барои профессорҳо-устодони макотиби олӣ ибрози нигаронӣ карда, афзудааст, ки шунидани ҳарфу дарди роҳбарони он аз вазифаҳои муҳими ӯ хоҳанд буд.
Натоиҷи интихоботи такрории Ӯзбекистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд
Тошқулов, ки 29 августи соли 1976 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё зода шуда, миллаташ тоҷик мебошад, ахиран аз ҷониби президент ва парлумони Ӯзбекистон ба мақоми вазирӣ таъйин гардид.
Бар асоси ҳолнома, Тошқулов соли 1998 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тирмизро хатм кардааст ва дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Абдуқодир Тошқулов узви Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон аст ва дар соли 2017 ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъйин шуда, то таъйиноти наваш дар ин мақом кор кардааст.