Дар Қирғизистон 93 ҳолати сироятшавию дар Тоҷикистон 0: омори нави коронавирус

Қирғизистон қабл аз Тоҷикистон домангири коронавирус шуда буд ва то ҳол ҳам вируси COVID - 19 қаламрави ин кишварро тарк намекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Қирғизистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта боз 93 нафар мариз шуда, ҳамчунин 2 нафар ҷон аз даст доданд.

Омори ахири коронавирус дар Тоҷикистон: идомаи "хушхабар"

Қирғизистон ҳарчанд қабл аз Тоҷикистон ба ин вабо рӯбарӯ шуд, аммо ҳамоно алайҳи ин вирус дар набард аст ва ҳамарӯза теъдоди  зиёди одамон сироят мешаванду мефавтанд.

Дар Тоҷикистон бошад коронавирус 30 апрел роҳ ёфт ва ҳамакнун муддати беш аз 10 рӯз мешавад, ки ягон ҳолати сироятшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта намешавад.

Вазорати тандурустӣ бо нашри омори нави коронавирус хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ҳам ягон мавриди беморшавии шаҳрвандон сабт нагардид.

Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон: аз 69 ҳазор гузашт

Манбаъ меафзояд, аз 13 ҳазору 308 гирифтори коронаиврус аллакай 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфтанд.

Шумораи умумии қурбониёни коронавирус 90 нафар аст, дар Қирғизистон бошад 1398 нафар ҷон аз даст доданд.