Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

Интизор меравад, пас аз истеҳсоли ваксин он ҳам дар дохили бозори ин кишвар ба ҳам ба дигар давлатҳо интиқол меёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Фонди сармоягузории мустақими Русия бо як истеҳсолкунандаи пешбари маҳсулоти дорусозии Туркия оид ба истеҳсоли ваксинаи коронавируси "Спутник V" дар Туркия шартнома ба имзо расонидааст, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ҳаҷми эҳтимолии истеҳсол миллионҳо дозаи ваксинаи "Спутник V" дар як сол аст. Масъалаи тавсеаи эҳтимолии истеҳсолот дар оянда низ баррасӣ мешавад. Ваксина ҳам ба бозори дохилии Туркия ва ҳам ба кишварҳои дигар интиқол меёбад", - таъкид мешавад дар хабар.

Фонди сармуягузории мустақими Русия мегӯяд, шарикони туркӣ ба ваксинаи сохти русӣ, ки 90 дарсади сареҳияти он собит шудааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Аз "ЭпиВакКорона" чиро интизор шуд: маълумоти дар бораи ваксинаҳои пептидӣ

Ваксинаи "Спутник V", ки аллакай аз озмоиши пурраи клиникӣ баромадааст ва мавриди истифода қарор гирифтааст, дар кишварҳое чун  Беларуссия, Аргентина, АМА, Маҷористон, Сербия, Боливия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон роҳ ёфтааст.

Ҳоло бошад раванди сабти ном шудани он дар Иттиҳоди Аврупо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ваксинаи мазкур ба низ Тоҷикистон интиқол ёфт ва маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд – видео

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия шурӯъ шуда буд. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, идома ёфт.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.