Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Тоҷикистон хост Дона Набиевро озод кунад

Созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Дона Набиеви 81-сола аз зиндон ҳарчӣ зудтар озод шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ (Human Rights Watch) аз Тоҷикистон хост, Дона Набиеви 81-соларо ҳарчӣ зудтар озод кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи ТОП ТҶ.

Додгоҳ Дона Набиеви 81-соларо 7 сол зиндон кард: ВКД шарҳ дод

“Набиев чанд бор аз ҳисоби нафақаи бознишастагии хеш ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба маблағи 15 то 30 доллар кумак кардааст. Аммо ба далели ногувории вазъи ҷисмонии вай, ки аз бемории сил ранҷ мебарад, мақомоти қазоии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар барои озодии ӯ иқдом кунанд”, - омадааст дар баёнияи Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ .

Қаблан дар пайи маҳкумияти Набиев, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шуда буд, ки вай аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии ҷамоати  Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.

Дар ҳамин ҳол,  вакили мудофеи Набиев таъкид кардааст: “Набиев дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои ба зиндон маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф кард, ки ин манобеи молиро ба хонаводаҳои онон расонидааст. Вай аз ҳисоби нафақааш низ ду бор маблағи 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводаҳои ин зиндониён мунтақил кардааст”.

Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъ иртиботи ин гурӯҳро бо ҷамоати  Ансоруллоҳ дар Афғонистон рад кардааст.