Дар шаҳри Хуҷанд вазъи COVID-19 ба эътидол омад: мақомот пурра маълумот доданд

Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз ба эътидол омадани вазъи сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва коронавируси нави COVID-19 хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъоляит дар соли 2020  таъкид доштааст, ки новобаста аз норасоиҳову камбудиҳо ва мушкилиҳо, мутахассисони соҳаи санитарӣ то имрӯз вазифаву ӯҳдадориҳое, ки Ҳукумати Тоҷикистон пеши онҳо гузоштааст, софдилона иҷро менамоянд.

Ҳолаш мӯътадил аст: дар Хуҷанд танҳо 1 маризи коронавирус боқӣ монд

“Барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии Ковид-19 аз тарафи Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, харидории корҷомаҳо, дастпушак, ниқоб, респиратор, антисептик, сўзишворӣ барои гузаронидани корҳои безарагардонӣ, маводҳои безараргардонӣ таъмин карда шуданд”, - таъкид доштааст Тахмина Усмонова.

Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки бо дастгирии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд 9 900 кг маводи гипохлориди натрий захира ва истифода бурда шуд.

“Инчунин баҳри дарёфти саривақтии беморон ва гумонбарон бо Ковид-19 5860 адад тестҳои оҷилӣ дастрас ва истифода карда шуд”, - гуфт сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд.

Тахмина Усмонова афзуд, ки аз тарафи шуъбаи гигиенаи коммуналӣ дар соли 2020 114 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони масъули ба камбудиҳо роҳ дода тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 19632 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Аз тарафи шуъбаи гигиенаи кӯдакон ва наврасон дар соли сипаришуда 125 муассисаҳои зериназоратӣ бо муоина фаро гирифта шуда, 20 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 8846 сомонӣ ҷарима гардидаанд.

"Эҳтиёт кунед": дар Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳии пешгирии коронавирус пурзӯр мешавад

Ҳамзамон вобаста ба вазъи эпидемиологии сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва коронавируси нави COVID-19 иттилоъ дода шуд, ки он ба эътидол омада истода бошад ҳам вазъи пандемикии давлатҳои дунё ташвишовар боқӣ мондааст.

Гуфта шудааст, ки фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонӣ мувофиқ ба талаботи ситоди Ҷумҳуриявӣ ва вазорати тандурустӣ дар ҳолати пандемикӣ ба роҳ монда шудааст.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.

Бино ба гуфтаи сартабиб, як моҳ ба ин тараф, хушбахтона муроҷиати сокинон дар мавриди бистаришавӣ аз COVID-19 сабт нашудааст.