Эрон интизориҳояшро аз президенти нави Амрико гуфт

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме гуфтааст, ки аз раисҷумҳури нави ИМА, Ҷой Байден кишвараш чи интизориҳо дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷа гуфтааст, умед дорад Амрико минбаъд сиёсати хориҷиашро тағйир медиҳад.

​Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар Твиттер ба интихобҳои асосӣ, ки пешорӯи давлати ҷадиди Амрико қарор дорад, ишора кардааст.

"Давлати нави Амрико бо интихобе асосӣ рӯ ба рӯ аст, ин давлат метавонад сиёсатҳои шикастхурдаи қаблиҳоро дар пеш бигирад ва ба масири таҳқири ҳамкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ идома диҳад ё метавонад фарзҳои шикастхурдаро рад карда, сулҳу оромишро дунбол кунад", - омадааст дар паёми Зариф.

Махфӣ нест, ки муносибатҳои Эрону Амрико зуд-зуд тезутунд мешаванд.

Ахиран пас аз куштори Қосим Сулаймонӣ, сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, ки гуфта мешуд аз дасти Амрикост, муносибатҳо дучанд муташанниҷ шуданд.

Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод

Интихоботи президентӣ дар ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Барои мақоми сардори давлат, ҷумҳурихоҳ Трамп бо демократ Ҷо Байден мубориза бурд.

Ҳисобкунии овозҳо бо сабаби дер фиристодани бюллетенҳо тавассути почта барои як моҳ кашол гардид. Дар интихобот Байден пирӯз шуд, ки 20 январ ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида ба кор шурӯъ кард. Трамп дар маросими савгандёдкунии ӯ ҳузур надошт.