ДОИШ масъулияти ду ҳамлаи мудҳиши Бағдодро бар ӯҳда гирифт

Ду маргталабе, ки худро назди бозоре дар Бағдод мунфаҷир намуданд, 32 нафарро куштанду 110 каси дигарро захмӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Аъмоқ", ки вобаста ба ин гурӯҳ аст.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Манбаъ меафзояд, рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансорӣ камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дуввумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, узви дигари ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ барҷой гузоштааст.

Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам

Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.

Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.