Барф бошиддат меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар пойтахти кишвар то - 4 дараҷа сард мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.

Дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2 - 4 дараҷа сард мешавад.

Ҳавои сарди Русия ба Тоҷикистон меояд: ҳушдори ҳавошиносон аз бӯҳрони барфӣ ва яхбандӣ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15  дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  20-35 ва рӯзона  4-9 дараҷа  хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф  меборад. Дар ноҳияҳои боришоти бошиддат дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона  6-11 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо  бориши бошиддат ва пуршиддат ба ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон борида ба барф мубаддал мегардад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук мешавад.