"Сомон Эйр" бо таъхири панҷсоата ба Истанбул парвоз кард

Бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон парвози "Сомон Эйр" самти Истанбул дасти кам 5 соат ба таъхир афтод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Парвози ҳавопаймои ширкатии ватании "Сомон Эйр" дар масири Душанбе - Истанбул бинобар ноустувор будани ҳаво бо таъхири панҷсоата парвоз кард.

"Сомон Эйр" барои овардани тоҷикистониён ба Истанбул мепарад: санаи парвоз дақиқ шуд

Тибқи ҷадвале, ки дар бинои Фудургоҳи байналмилалии Душанбе ҳаст, парвози ҳавопаймо самти Истанбул мебоист соати 06:20 дақиқа сурат мегирифт. Аммо бинобар барфрезии шадид дар Тоҷикистон, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа фурудгоҳи Душанберо тарк кард.

"Мувофиқи ҷадвал ҳавопаймо мебоист соати 6:20 парвоз мекард. Аммо бинобар номусоидии обу ҳаво парвоз ба таъхир афтод ва  танҳо соати 11:30 дақиқа сурат гирифт", - изҳор доштанд дар фурудгоҳи Душанбе.

Теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Стамбул ва Дубай афзоиш ёфтанд

Тибқи иттилои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", парвозҳо самти Истанбул ҳафтае як  маротиба, рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд.

"Вақти парвоз аз Душанбе 06:00, аз Истанбул 10:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад", - таъкид кард манбаъ.

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст,гуфта буд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Субҳонзода.