Наҷоти кӯдаки чорсола дар Суғд, ки дар ангушташ гайка дармонд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷоти тифле хабар медиҳанд, ки аз беназоратии волидонаш дар нагушташ гайка руст шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд хабар расидааст, ки дар ангушти тифли чорсола гайка рус шудаасту табибон ҳам илоҷи беосеб берун кардани онро намеёбанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин занги телефонӣ субҳи имрӯз, соати 11:00 аз беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов расидааст.

Бо дарёфти хабар имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд фавран ба беморхона сафарбар шудаанд.

"Амалиёти имдод дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб ва осебшиносӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ гузаронида шуд. Гайка аз ангушти ӯ берун оварда шуд. Вазъи саломатии кӯдак дар ҳолати хуб қарор дорад", - омадааст дар хабарнома.

Маълум шуд, ки тифл ҳамагӣ чор сол доштаву аз беназоратии волидайн даст ба гайкаву дигар таҷҳизот задааст ва билохира гайка дар ангушташ дар мондааст.

Наҷоти ду ноболиғ дар пойтахти Тоҷикистон

Кормандони Раёсат бо падари тифл ҳамсуҳбат шуданд ва гуфтанд, ки фарзандашонро набояд беназорат гузоранд, чун метавонад муҷиби нохушиҳои дигар шавад.