Дар Тоҷикобод муллоеро боздошт карданд: таштоби навиштаашро хонда наметавонад

Мулло ҳарчанд на ҳарфи навиштаи худро хонда метавонисту на маънояшро дарк кардан, аммо бо ин роҳ даромади муфт ба даст меовард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Тоҷикобод нимаи моҳи январ муллое бо номи Идиев Шариф аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд, хабар медиҳад нашрияи "Пайк".

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Ба иттилои манбаъ, мулло 59 сол дошта, бо истифода аз тасбеҳу таштоб "кор" - и корафтодагонро ба таври худ ҳал мекард.

Боздошти “Мулло Шералӣ”, ки беморонро бо ҳашарот табобат мекардааст

Манбаъ меафзояд, ҳангоми бозпурсӣ, Идиев иқрор шудааст, қоғазпораҳое, ки дар он худ ба худ хаттотӣ мекунад ва бо ҳуруфи арабӣ дуоҳоро менависад, навиштаашро ҳатто худаш хонда наметавонад. Илова бар ин, ба маънои таштоби навиштаи худ ҳам сарфаҳм намеравад.

"Бо вуҷуди ин, номбурда бо ҳамин роҳ даромади муфт ба даст оварда, пули корафтодагонро муфт азхуд мекард", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамин тариқ, нисбат ба Идиев бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст.