Сангвор: сокинон қарзи барқро пурра пардохт карданд

То 17 декабри соли 2020 қарзи истифодаи қувваи барқ дар ноҳияи Сангвор 184 ҳазор сомониро ташкил медод, ки аз ин 119 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ ва 65 ҳазор сомонӣ аз қитъаи техникии  ҶСК "Тоҷиктелеком" ва боқимондаи он аз нуқтаҳои мавҷфиристандаи шабакаҳои телевизионӣ буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сокинони ноҳияи Сангвор қарзи қувваи барқро пурра пардохт карданд, хабар медиҳад "Ховар".

Дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, ғайриқонунӣ истифода накардани қувваи барқ, баргардонидани маблағҳои истифодаи неруи барқ дар 5 ҷамоати деҳоти ноҳия гурӯҳҳои корӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуданд, ки дар натиҷа  қарзи истифодаи қувваи барқ аз ҳисоби аҳолӣ пурра пардохт гардид.

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

Гуфта мешавад, ки то 17 декабри соли 2020 қарзи истифодаи қувваи барқ дар ноҳияи Сангвор 184 ҳазор сомониро ташкил медод, ки аз ин 119 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ ва 65 ҳазор сомонӣ аз қитъаи техникии  ҶСК "Тоҷиктелеком" ва боқимондаи он аз нуқтаҳои мавҷфиристандаи шабакаҳои телевизионӣ буд.

То 1 январи соли 2021 қарзи барқ  аз ҳисоби аҳолӣ пурра баргардонида шуд. Қарзҳои боқимонда мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ҳамкорӣ бо якдигар ҳатман баргардонида мешаванд.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 41 ҳазор киловатт-соат қувваи барқ сарфа карда  шудааст.

Ҳамчунин дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои эҳтиёҷи аҳолӣ дар ҳудуди ноҳия 14 нуқтаи фурӯши ангишт ташкил карда шудааст, ки 5 нуқтаи он барои фурӯши ангишти сайёр мебошад.

Ба гуфти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нҳияи Сангвор, то якуми январи соли равон дар ин нуқтаҳои фурӯши ангишт 154 тонна ангишти кони Айнӣ мавҷуд буда, як кг ангишт бо нархи як сомонӣ  фурӯхта мешавад.

Дар Душанбе марде барқро ба фурӯшандаҳо бо нархи баланд фурӯхтааст. Ӯро боздошт карданд

Дар ин давра аз ин нуқтаҳои фурӯши ангишт барои гузаронидани давраи зимистон аҳолии ноҳия ба миқдори 620 тонна ангишт харидорӣ намудаанд. Инчунин сокинони ноҳия аз ҳисоби чорвои хонагӣ ва ҳезуми хушк ба миқдори 8000 метри кубӣ сӯзишвории биологӣ захира намуда, имрӯзҳо дар фасли зимистон аз он истифода менамоянд.

Сокини Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор  Мадина Қурбонова иброз дошт, ки “истифодаи сӯзишвории биологӣ ва ангишт барои гармии хона, пухтани хӯрок ва гарм намудани об барои оила фоидаовар мебошад. Дар оила мо пурра аз ангишту сӯзишворӣ истифода мебарем ва қувваи барқро танҳо барои равшанӣ сарф мекунем, ки аз ин ҳисоб ҳар моҳ зиёда аз 300 сомонӣ ба буҷаи хонавода фоида меорем”.