Омори ахири коронавирус дар Тоҷикистон: идомаи "хушхабар"

Вазорати тандурустӣ "хушхабар"-и навбатиро пешниҳоди сокинони Тоҷикистон мекунад: дар мамлакат ҳамоно ягон мавриди сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 11 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ аз коронавирус сабт намешавад.

Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ  бидуни тағйир, такрор меёбанд.

Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронавирус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои COVID - 19 боқӣ намондааст.

Таъсирҳои манфии ваксинаи коронавирус маълум шуд

Ин дар ҳолест, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагӣ 12 рӯз сипарӣ шуд, амо онҳо дар шумори онҳое, ки табобат мегиранд низ, зикр намешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронавирус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.

Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд.

Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд, таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Дар Чин маркази нави сирояти коронавирус муайян карда шуд

Дирӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.

Гуфта мешавад, аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад.