Боздошти ду мард: дилхоҳ ҳуҷҷатҳои ронандагиро қалбакӣ тайёр мекарданд

Вазорати умури дохилааи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани онҳо дар ҳафт ҳолат тасдиқ шуд ва акнун нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.

Гумрукчии №1 гуфт нисбати чанд кормандаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда, дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.

Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом

Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.

"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст. 

Феълан, нисбат ба номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.