Ӯзбекистон гуфт, даромадаш аз маблағи муҳоҷирон афзоиш ёфт

Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар соли 2020, ки ҷаҳонро пандемия фаро гирифт, беш аз 6 миллиард доллар эълом шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки марказии Ӯзбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод, гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс.

Русия ба маблағгузории сохтмони макотиби нав дар Тоҷикистон оғоз бахшид

Бонки марказии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди пандемия даромади гирифта аз муҳоҷирони кишвар афзоишро нишон додааст.

“Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири ӯзбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд”, - навиштааст манбаъ.

Бонки марказии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад буд.

Ҳақиқати нави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: оё Ӯзбекистон Тоҷикистонро аз пасаш меорад?

Ӯзбекистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корияш дар Русия яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст.