Таркиши мудҳиш дар маркази Мадрид-навори шоҳидон

Таркиши мудҳише маркази шаҳри Мадридро такон дод ва як кӯчаро тақрибан хароб намуд. Сабаби таркиш мавриди таҳқиқ қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бар асоси иттилои расида, таркиш дар бинои навбунёде дар кӯчаи Толедо рух додааст ва дар натиҷа биноро тақрибан тахриб намуд.

Сабабҳои таркиш феълан маълум нест. Дар ҷои ҳодиса айни ҳол мақомот кор карда истодаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ хориҷ шудани газ арзёбӣ мешавад.

Бархе манобеи дигар мегӯянд, таркиш дар меҳмонхона рух додааст, бархеи дигар изҳор медоранд, ки дар хонаи пиронсолон.

Дар ин таркиш, ки баъди зуҳри имрӯз рух додааст, чанд нафар ҳалок шуда, бархеи дигар маҷруҳ гардидаанд. Аммо дақиқан теъдоди қурбониён то ҳол ироа нашудааст.