Марги мармузи пиразани 76 -сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

Пиразан танҳо зиндагӣ карда, чанд вақти охир бемор будааст. Аз марги пиразан ҳамсояҳо ба КҲФ хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади пиразани рус дар манзили зисташ, хабар медиҳад.

Марги мармузи пиразани 69 - сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дар бораи нопадид шудани пиразан, бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ расидааст.

Дар ин бора навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон надидаанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекардааст.

Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз кардаанд.

"Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷасади ӯро ба мақомоти дахлдор супурданд.