Эълони тендер барои сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" дар ВМКБ

Тоҷикистон барои сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон тендери байналмилалӣ эълом кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз ширкатҳои байналмилалӣ даъват шудааст, ки тарҳҳои худро барои мушорикат дар ин тендер то 28 феврали имсол ироа кунанд, хабар додааст сомонаи Парстудей.

Қарордод имзо шуд: Олмон ба Тоҷикистон барои сохти НБО Себзор кумаки молӣ мерасонад

Манбаъ аз қавли мақомоти Тоҷикистон афзуд, нерӯгоҳи барқи обии "Себзор", ки дар ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад, бо тавлиди 60 миллион киловат соат барқ дар сол, ниёзи бархе аз манотиқи вилояти Бадахшон ба барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон имкони содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам мекунад.

Дар чорчӯби ин барнома барои интиқоли барқи нерӯгоҳи "Себзор" ба шаҳри Хоруғ хати 220 киловатӣ ба тӯли 18 километр сохта мешавад.

Қаблан ширкати “Помир энержӣ” камбуди барқро дар фасли зимистон ба камшавии об рабт дода, барои таъмини истиқлолияти пурраи энергетикӣ нақшаҳо то соли 2022-ро ироа намуда буд.

“Сохтмони НОБ - и Себзор бо иқтидори 11 МВт бо маблағи зиёда аз 43 миллион доллар то соли 2022, сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 квт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 доллар то моҳи июни соли 2020, сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибрид - офтобӣ ва бодӣ дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг бо арзиши лоиҳавии 5 миллион доллар то 2022”, - аз бандҳои муаррификардаи “Помир энержӣ” мебошанд.