ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. ВУД Русия баъди як сол ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун барои рақамӣ кардани низоми муҳоҷират дар кишварро пешниҳод хоҳад кард, хабар додааст ТАСС бо такя ба ноиби сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия, Павел Дутов.
“Барои мо истифодаи технологияи рақамӣ хеле муҳим аст”, - изҳор дошт Дутов зимни ҷаласаи Кумитаи ҳифзи сиҳатии Думаи давлатӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи Вазорат аллакай низоме ҷорӣ мешавад, маълумот аз дигар сохторҳоро низ фаро хоҳад гирифт. Аз ҷумла тафтиши вуҷуди маълумотномаи тиббии муҳоҷир имконпазир хоҳад шуд. Ин иттилоъро метавон дар низоми онлайн гирифт.
Қаблан мудири Маркази таҳқиқоти умури муҳоҷират, корманди калони илмии Академияи улуми Русия, Дмитрий Полетаев изҳор дошт, ки рақамикунонии таъмини муҳоҷирон бо кор солҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки рақамикунонӣ соҳаҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки Русия соли 2020 аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф шомил шуд, ки ба ҳисоби СММ дар қаламрави он ҳудуди 12 миллион муҳоҷир иқомат доранд.