Талафоти бузурги санъати тоҷик: Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашт

Ҳабибулло Абдураззоқов, коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 83 – солагӣ вафот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Яке аз наздикони ӯ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум солҳои ахир аз дарди пойҳо азият мекашид ва бештари вақт бистарӣ буд.

Даргузашти овозхон Қурбоналӣ Абдуллоев: "ӯ гирифтори коронавирус буд"- видео

“Имрӯз, тақрибан ҳаволии соати 11 дар манзили худ дар кӯчаи Пушкин аз олам чашм пӯшиданд”, - гуфт ӯ.

Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфта, дар оғоз ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шуд, аммо онро ба охир нарасонид.

Ӯ ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1960 - 1964) дохил шуда, онро бо ихтисосҳои актёрӣ ва коргардонӣ хатм намудааст.

Солҳои 1960 – 2002 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абудқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва киностудияи “Тоҷикфилм” минҳайси ҳунарпеша, коргардон ва саркоргардон кор кардааст.

Дар саҳнаи театр ӯ дар ҳудуди 30 намоишнома нақш бозидааст, ки маъруфтаринашон нақши Любим Торсов ("Камбағалӣ айб нест"-и А. Н. Островский, 1960), Ёдгор ("Дохунда"-и Ҷалол Икромӣ, 1961), Меркутсио ("Ромео ва Ҷулиетта"-и Вилям Шекспир, 1963), Афросиёб ("Рустам ва Суҳроб"-и Ғанӣ Абдулло, 1966) ва Низомиддин ("Дилҳои сӯзон"-и Ҷ. Икромӣ, 1967) .

Марги сӯфиёна: даргузашти донишманде, ки солҳои охир кунҷи узлат гузида буд

Ӯ яке аз ҳунарпешагони маъруфи синамои тоҷик аст, ки дар маъруфтарин филмҳо нақш бозидааст, назири нақши Баҳриддин ("Марги судхӯр", 1965), Ҳайдар ("Чор нафар аз Чорсанг", 1973), Мухторов ("Истгоҳи кӯҳӣ", 1974), Асаншоҳ ("Субҳи Ганг", 1975), корвонбошӣ ("Дарвеши ланг", 1986), Ҳисоми тоҷик (силсилафилми эронии "Дар чашми бод", 2007) ва сардори роҳзанҳо (силсилафилми эронии "Шукрона", 2008).

Ҳамчун коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов намоишномаҳои "Кӯпрук"-и Фотеҳ Ниёзӣ, "Карим-девона"-и Турахон Аҳмадхонов, "Вақте ки шаҳр хуфта буд"-и А. Чхеидзе, "Дар чорсӯ"-и Нур Табаров ва ғайрара рӯи саҳна овардааст.

Ӯ асосгузори Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту" (1989) ва муассису аввалин роҳбари бадеии нахустин театри ғайридавлатии "Падида" (2002) буд.

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

Аз вазифаҳои ҷамъиятӣ Ҳабибулло Абдураззоқов як замон раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон (1987—1990) ва муовини аввалин Иттиҳодияи ходимони театрии СССР (1987—1991) буд. Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф, писари ӯст, ки шуҳрати беандоза дорад.