Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ба Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус расид: барои низомиёни Русия

Миқдори аввали ваксинаи Русия алайҳи коронавирус дар ҳаҷми беш аз ҳазор воя тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Миқдори аввали 1100 воя ваксинаи коронавирус, ки барои кормандони низомии Русия, ки дар ҷумҳурӣ мустақаранд, пешбинӣ шудааст, ба Тоҷикистон оварда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ.

Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад

Гуфта мешавад, ки ваксинаи COVID-19 ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо барои пойгоҳи низомии 201-уми Русия оварда шудааст.

"Табибони ҳарбӣ барои интиқол ва ҳарорати мувофиқ бордонҳои махсусро истифода карданд",-гуфт вазорат.

Инчунин хабар дода мешавад, ки миқдори якуми ваксинаро кормандони тиббии беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия, кормандони низомӣ дар ҳолати омодабош, ҳайати фармондеҳӣ ва навбатдории пойгоҳ хоҳанд гирифт.

Пеш аз эмкунӣ, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи ваксина, таъсири дору ба бадани инсон ва таъсироти эҳтимолии он маълумот дода мешавад.

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

Таъкид шудааст, ки ҳама эмкунӣ барои кормандони низомӣ, ба мисли Русия, танҳо ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад.

Бразилия истифодаи фаврии ваксинаи Sputnik V -ро талаб кардааст

Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Бохтар (Қӯрғонтеппа) ҷойгир аст.