Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳолаш мӯътадил аст: дар Хуҷанд танҳо 1 маризи коронавирус боқӣ монд

Дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд танҳо як нафар аз каронавирус табобат мегирад. Дигарон шифо ёфта, рухсат шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло танҳо як нафар дар дармонгоҳ аз "вируси корона" табобат мегирад.

Бино ба гуфтаи сартабиб, як моҳ ба ин тараф, хушбахтона муроҷиати сокинон дар мавриди бистаришавӣ аз COVID-19 сабт нашудааст.

"Имрӯз як нафарро ҷавоб додем, пурра шифо ёфта, ба хонааш рухсат шуд. Ҳоло танҳо як нафар табобатгиранда аст. Ин нафар дар оғоз зери оксигенератор (таҷҳизоти нафаси сунъӣ) қарор дошт, ҳоло беш аз ду ҳафта мешавад, ки худашон озодона нафас мегиранду вазъи саломатияшон муътадил шудааст", - зикр намуд сартабиб.

Ба иттилои манбаъ, ягона нафаре, ки ҳоло дар Бемористони сироятии Суғд табобат мегирад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, синнаш аз 60 - сола боло аст.

9 рӯз бе коронавирус: дар Тоҷикистон 99,3 фисади дардмандон шифо ёфтанд

Сартабиб сабаби ба дарозо кашидани муҳлати муолиҷаи ин нафарро шарҳ дода гуфт, ки "бемории ҳамрадиф аз ҷумла қанд ба ҷараёни муолиҷаи ин нафар бетаъсир намондааст. Хушбахтона гузашти се ҳафта саломатии ӯ муътадил шуда ва ба хона рухсатшавиаш ҳам наздик аст".

Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Бемористони сироятии Суғд ва ҳам Бемористони клиникавии Суғд воқеъ дар Хуҷанд ҳарду аз дармонгоҳҳои асосӣ дар шимоли Тоҷикистон дониста мешуданд, ки дар замони хуруҷи ин маризӣ барои бистарикунонии гирифторони коронавирус роҳандозӣ шуда буданд.

Бемористони клиникавии ба номи С. Қутфиддинов дар умум аз 26 шуъба ва 680 кат иборат буда, аз калонтарин бемористони Суғд ба ҳисоб меравад. Бемористон ба далели кам шудани шумори гирифторӣ ба "вируси карона" баъди 7 моҳи қарантинӣ, аз рӯзи 20 декабри соли 2020 пурра ба реҷаи муқаррарӣ гузашт.

На фавт асту на мариз: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Хабари дар Суғд табобат гирифтани як нафар аз коронавирус дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ рӯзи гузашта хабар дод,ки давоми як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст

Бар хабари вазорат дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шуда, то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.