ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия ба Кабинаи вазирон супориш додааст, ки то 1 март масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо дар замони пандемияро баррасӣ намояд, хабар додааст РИА Новости.
“Путин ба Ҳукумат супориш дод, то 1 март ба масъалаи ҷалби содаи муҳоҷирон ба соҳаи сохтмон расидагӣ кунад”, - таъкид шудааст дар хабар.
Аз ҷумла баррасии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИДМ ба сохтмонҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар назар аст.
Қаблан Путин дар бораи ин масъала изҳор дошт, ки бояд имкон дод, то ҳам муҳоҷирон маблағ кор кунанду ҳам соҳаи сохтмон рушд ёбад.
Раисиҷумҳури Русия аз камбуди нерӯи корӣ дар бахши сохтмон суҳбат карда, таъкид намуда буд, ки ин мавзуъро бо ноиби сарвазир Марат Хуснуллин баррасӣ карда буд.
Вазорати сохтмони Русия барои вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ пешниҳод карда буд. Зикр гардид, ки ширкатҳои ниёзманд ба нерӯи корӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва таъмини кору манзили зист ҷалб намоянд.