ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Елена Малишева пизишки рус дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони Русия даъват намудааст, ки алайҳи коронаиврус ҳатман вакина гиранд.
Ӯ чунин муроҷиатро пас аз ҳузураш дар маросими видоъ бо коргардон ва мудири кинохроникаи ҳаҷвии бачагонаи “Ералаш” Борис Грачевский ироа намудааст.
Маросими видоъ бо Борис Грачевский дар Маскав шурӯъ шуд
Малишева таъкид намудааст, ки Грачевский ба намуди шадидтарини саратон – меланома ва дигар маризиҳо гирифтор буд.
Ӯ даъват кард, ки ҳар кас бояд дар бораи ояндаи худ ва саломатияш фикр кунад, аз ҷумла нафароне, ки бемории музмин доранд.
"Махсусан, нафароне, ки ба гурӯҳи хафв шомил мешаванд, ҳатман бояд алайҳи коронавирус эм гиранд", - афзудааст Малишева.
Ёдовар мешавем, ки Борис Грачевский рӯзи 14 январ дар синни 72 – солагӣ даргузашт. Марҳум мубталои коронавирус шуда, муддате дар бемористон бистарӣ буд.