“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер

Даромадҳои ду шабакаи иҷтимоии ҷаҳонӣ дар пайи дастнорас кардани саҳифаи президенти равандаи ИМА, Доналд Трамп ба таври назаррас коҳиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Арзиши бозории Фейсбук ва Твиттер,  ду шабакаи бузурги иҷтимоӣ, ки саҳифаи  Трампро ба далели ташвиқ ба шӯриш ва ҳамла ба кунгураи Амрико масдуд кардаанд, тай 2 рӯз 51.2 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

YouTube ҳам Трампро таҳрим кард

Ба нақл аз Бизнес Инсайдер, Твиттер ҳисоби корбарии Трампро барои ҳамеша таълиқ кард ва муддати масдудияти ҳисоби вай дар Фейсбук низ номушаххас аст.

Ҳарду ширкат низ эҳтимоли афзоиши хушунатҳоро далели иқдоми худ зикр кардаанд.

Аммо рӯзи душанбе арзиши бозории Фейсбук 4 дарсад ва рӯзи сешанбе 2.2 дарсади дигар коҳиш ёфт.

“Дар поёни рӯзи сешанбе арзиши бозори Фейсбук 47.6 миллиард доллар камтар аз ҷумъаи ҳафтаи қабл буд”, - хабар додааст Бизнес Инсайдер.

Арзиши бозории Твиттер низ рӯзи душанбе 6.4 ва рӯзи сешанбе 2.4 дарсади дигар камтар шуд. Дар кулл арзиши бозори Твитер 3.5 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Ҳамзамон Доналд Трамп пас аз маҳдуд шудан дар Фейсбуку Твиттер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло дар YouTube ҳам наметавонад видео боргузорӣ кунад.