Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.