Мақомоти Норак гуфтанд, дар соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар маблағ равон карданд

Мақомоти шаҳри Норак дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр хабар доданд, ки муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа беш аз 631 миллион рубли русӣ, 4 миллион доллар ва зиёда аз 130 ҳазор Евро равон кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

Гуфта шудааст, ки ҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 миллион сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид.

Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳамзамон тибқи иттилоъ, дар 12 моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳр 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 102,9 фоиз ё ин ки 67 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон 90 адад иншоот ба маблағи 44,9 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳр дар асоси асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ 132 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 32,5 ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 22,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомот таъкид доштааст, ки барои бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шуд, аз ин шумора 152 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки 78,7 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз хориҷи кишвар 631,2 миллион рубли русӣ, 4,1 млн доллар, 130,9 ҳазор Евро ворид гардидааст.

Инчунин мақомот иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба 261 нафар шаҳрвандон ба маблағи 235,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонда шудааст. 752 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳо ҷалб карда шуданд.

Раиси шаҳри Норак бо масъулин муқовимат бо экстремизму терроризмро баррасӣ кард

Дар 12 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 1007 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ намуда, аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба масоҳат 1024 метр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар шаҳр 214 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар 12 моҳи соли 2020 ба маблағи 77,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,2 млн сомонӣ афзун гардидааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 116,8 фоиз таъмин карда шуда, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сектори ҷамъиятӣ 17,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаро натиҷагирӣ намуда , роҳбарони корхонаю муассисаҳоро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани чашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, оқилона истифодабарии замин, зимистонгузаронӣ, сари вақт ва хушсифат ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои андозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.