ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкатҳои бузурги сохтмонии Русия, дар доираи барномаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон дар Ӯзбекистон, чанд ҳазор сокини кишварро барои кор дар объектҳои Маскав ва вилояти Маскав ҷалб хоҳанд кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати шуғл ва меҳнати Ӯзбекистон.
Муовини якуми вазири меҳнати Ӯзбекистон Эркин Муҳиддинов бо намояндагони ширкатҳои русии "ПИК-Индустрия" ва "ТехСтрой" мулоқот кард.
Онҳо махсус барои интихоб кардани довталабон барои кор дар объектҳои Маскав ва вилояти Маскав ба Ӯзбекистон рафтанд.
Интихоби довталабон то охири моҳи январ дар ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон аз рӯи ихтисосҳои челонгар, гудозанда, пошидан ва андохтан, кафшергари барқӣ, барқчӣ ва хиштчин идома мекунад.
Вазорати шуғли аҳолӣ гуфтааст, ки то охири соли 2021 ширкатҳо тақрибан 14 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро дар Русия бо кор таъмин хоҳанд кард.
Маълум аст, аз 15 то 31 январ дар байни сокинони вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона, Хоразм, Бухоро, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Самарқанд, Сирдарё, Сурхондарё ва Тошканд коргарон интихоб карда мешаванд. Ва инчунин дар Қароқалпоқистон, Тошканд ва Самарқанд низ барнома роҳандозӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар солҳои 2020-2021 шумораи муҳоҷиронро аз Ӯзбекистон барои кор дар Русия ба 100 ҳазор нафар мерасонанд.
Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд
Аммо аввал, бояд сатҳи омодагии касбӣ ва забономӯзии шаҳрвандони Ӯзбекистон ба роҳ монда шавад.