ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба далели сардӣ ҳолатҳои сар задани сӯхтор низ дар кишвар афзоиш меёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. ВУД бо нашри як иттилоия таъкид кардааст, ки дар мавсими зимистон шумораи бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, дар натиҷаи риоя нашудани одитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ сар мезананд.

Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих

Ин ниҳод изҳори нигаронӣ кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи асбобу таҷҳизоти барқию газии маишӣ, печҳо ва тануру оташдонҳо, васлу насби ноқилҳои барқӣ қоидаҳоро сарфи назар мекунанд. Таъкид шудааст, ки аз меъёр барзиёд истифодабарии қувваи барқ, боиси сарборӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳо мегардад.

Инчунин интихоби нодурусти ҷойҳои захираи хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангишт ва нигоҳдории маводу ашёҳои сӯзанда дар ҷойҳои аз ҷиҳати сӯхтор хавфдошта зикр шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод бо фармони вазири умури дохилӣ барои огоҳ кардани аҳолӣ бо меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд.