Қасди куштор барои баҳси мерос дар хонаводаи Пиронқуловаҳо-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Алиҷон Тиллобердиев, сокини 27-солаи ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат ҳабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба иттилои ВУД, Тиллобердиев дар қасди куштори холааш ва аъзои хонаводаи ӯ дар заминаи баҳси тақсими мерос айбдор мешавад.

Эълони ҳукми Муминов барои қатли тағояш: хонаро ба ӯ нею ба додараш дод

Манбаъ гузориш дод, ки Тиллобердиев Алиҷон, сокини шаҳри Ваҳдат, шаби 10 январ дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ қасди куштори холааш Пиронқулова Раҳимаи 48-сола ва шавҳараш айбдор мешавад.

Заминаи баҳс хонаи аз падар меросмонда ба  хоҳарон - Пиронқулова Раҳима ва модари Алиҷон будааст.

Ба гузориши ВУД, фарзандон хонаи меросии падарро ба ивази 28 ҳазор доллар фурӯхтаанд ва дар тақсими он миёнашон баҳс сар задааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи қазияи мазкур нисбати Тиллобердиев барои сӯиқасд ба одамкушӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.