ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур аз дуздии либосҳо аз мағоза хабар додааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 11-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши либосҳои мардона, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт шуда, аз он ҷо либосҳои гуногун ба маблағи 10 ҳазор сомониро дуздидаанд.
Манбаъ афзуд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 29 ва 27-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
ВУД инчунин афзуд, ки маъмурини милиса марди 45-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир кардаанд.
“Номбурда, 6-уми январи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи 7-уми ҶДММ бозори “Корвон” 150 адад гарданбанди занонаро, ки ба марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли шаҳри Бохтар тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар иттилоия.
Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.