Даҳ зеботарин шаҳри хурди ҷаҳон аз нигоҳи Small Cities Index

Sputnik

Ин нашри ҷадид 10 шаҳраки зебои хурди ҷаҳонро пешкаш мегардонад, ки дорои тамаддуну фарҳанг, таърих ва инфрасохтори қадимаву боарзиш мебошанд.

Фестиваль воздушных шаров в Сочи
Аз Ялта то Сочи: афсонаҳои шаҳрҳои ошиқона дар ҷануби Русия

Гузоришгарон гуфтаанд, ки давоми соли 2020 бисёре аз сокинони шаҳрҳои калон дар бораи зиндагӣ дар ҷойҳои оромтаре фикр карданд, ки фазо барои ҳаракат кардан ва ҳавои тоза барои нафасгирӣ доранд.

Ба гуфтаи онҳо дар нашри нав, шаҳрҳои бо ҳам алоқамандро интихоб кардаанд, ки имкониятҳои калони тиҷоратӣ, фарҳанги истиқболӣ ва дастрасӣ ба табиатро фароҳам меоранд.

Мо инчунин бо шаҳрвандоне вохӯрдем, ки аллакай дар ин ҷойҳо зиндагӣ ва обод карда истодаанд, гуфтаанд таҳиягунандагони гузориш. 

Яке аз ҷанбаҳои зиндагии шаҳрҳои хурд, ки мо мехоҳем онро таъкид кунем, ин аст, ки ҷойгоҳ вақте беҳтарин кор мекунад, ки пешвоёни шаҳрвандии он бо мардумаш сахт алоқаманд бошанд.

Ба навиштаи онҳо зиндагӣ дар шаҳрҳои хурдтар осонтар аз шаҳрҳои бузург аст, зеро шаҳрдорон бо мардум ҳамеша дар ҳамбастагиянд ва тағйироту расидагӣ ба мушкилиҳо тез ба амал меояд.