Дар Русия муҳоҷиронро аз мусофиркашонӣ бо таксӣ маҳрум карданианд

Вазорати меҳнати Русия мехоҳад муҳоҷиронро аз мусофиркашонӣ тавассути таксӣ дар қаламрави кишвар маҳрум кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия меоянд, метавонанд зери маҳдудиятҳои нав қарор гиранд - манъи фаъолияти дар хадамоти таксӣ.

Кор дар як қатор сохторҳои Твер ба муҳоҷирон мамнӯъ шуд: кадомҳо

Яке аз вакилони Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, Андрей Анохин ба роҳбари Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия Антон Котяков пешниҳод карда, кори муҳоҷирон дар таксиҳо маҳдуд карда шавад.

"Ин ба таъмини ҷойҳои кории шаҳрвандони Русия кумак хоҳад кард, ки ин дар шароити пандемияи глобалӣ ниҳоят муҳим аст", - мегӯяд шабакаи телевизионии Царград аз қавли Анохин.

Дар Русия фаъолияти муҳоҷиронро ба ҳайси посбон мамнуъ мекунанд

Маълум аст, ки вакили парлумон дар дархости худ таваҷҷӯҳро ба афзоиши назарраси садамаҳои марбут ба мошинҳои таксӣ ҷалб кард. Анохин қайд кард, ки тибқи маълумоти Раёсати нақлиёти Маскав, дар соли 2019 шумораи садамаҳои нақлиётӣ 60% афзуда, фавт 41 дарсад бештар шудааст. Ҳамзамон, 25% -и дигар афзоиши эпизодҳои садамаҳои нақлиётӣ дар соли 2020 ба қайд гирифта шудааст.

Путин гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия роҳат бошанду бумиҳоро ошуфта накунанд-видео

Ин иқдом қисман аз он вобаста аст, ки ронандагони муҳоҷир аксар вақт бе хоб ва истироҳат кор мекунанд, аз ин рӯ аксар вақт рост дар паси чанбар хоб мераванд ва таҳдиди садамаҳои нақлиётиро ба вуҷуд меоранд. Ғайр аз ин, аз ҷониби онҳо парвандаҳои зиёди вайронкунии Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия мавҷуданд.

Аз ин рӯ, депутат даъват мекунад, ки барои маҳдуд кардани шуғли муҳоҷирон дар таксиҳо чораҳо андешида шаванд.