Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

Сар аз ҳафтаи оянда бо супориши кишвардори Русия, Владимир Путин эмгузаронии сартосарӣ шурӯъ хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин супориш додааст, ки аз авоили ҳафтаи оянда эмгузаронии сартосарӣ дар кишвар шурӯъ шавад.

"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки эмгузаронии оммавии тамоми аҳолиро аз ҳафтаи оянда оғоз намуда, ҷадвали мувофиқи кор, ки барои дигар маризиҳо омода мешавад, таҳия кунед", - гуфт Владимир Путин.

Раисҷумҳури Русия бар ин бовар аст, ки ҷараёни эмгузаронии аҳолӣ бидуни мушкилӣ сурат мегирад. Ӯ таъкид намудааст, ки  "Спутник V" беҳтарин ваксина дар ҷаҳон аст ва бояд муассирияти ӯро дар шароити бурузи навъҳои нави коронавирус дақиқ кард.

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор

Зимнан, муовини сарвазир Татяна Голикова хабар додааст, ки маъракаи эмгузаронии оммавӣ аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.

Таҳвили ваксина

Вазири тандурустии Русия Михаил Мишустин мегӯяд, интиқоли ваксинаи мазкур ба манотиқи гуногуни Русия ҳамарӯза аз ҳисоби истеҳсоли барзиёди он, афзоиш меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия талабот ба ваксинаи мазкур аз ҷониби одамони калонсол рӯ ба афзуншавӣ ниҳодааст. Зеро моҳи декабри соли гузашта, озмоиши ниҳоии ваксинаи "Спутник V" нишон дод, ки одамони аз 60 - сола боло низ метавонанд ваксина гиранд.

Даҳшати коронавирус дар Русия давоми як рӯз: беш аз 29 ҳазор мариз ва 457 мавриди фавт

Вазир таъкид намудааст, ки эмкунӣ асосан барои одамоне, ки аз маризии қанд ва ҳамчунин фарбеҳӣ азият мекашанд, махсусан зарур будааст.

Бояд зикр кард, ки Русия дар ҷаҳон аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи маризии сироятии коронавирус ваксина истеҳсол кард. Ҳоло ду навъ ваксинаи сохти русӣ мавриди истифода қарор доранд.