ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 32-37 ва рӯзона 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Амит "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Пешбинии ҳавошиносон аз тағйирёбии якбораи ҳаво дар охири январ: аз -35 дараҷа то -18
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.