Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат аз буҷа маблағи бештар ҷудо кард

Барои пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон дар соли 2021 аз буҷаи давлат беш аз 6 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Соли ҷорӣ аз буҷаи давлатии Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат 13,1% зиёдтар маблағ ҷудо карда мешавад, менависад "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Кӣ зиёд ва кӣ кам маош мегирад? – охирин додаҳои Агентии омор

Ҳамин тариқ, барои музди меҳнат беш аз 6,5 миллиард сомонӣ (534 миллион доллар) ҷудо карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 2020 700,6 миллион (61 миллион доллар) зиёд аст.

Маблағи умумии дар буҷа пешбинишуда барои пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон 6,5% ММД-ро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир, музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 1,4 ҳазор сомонӣ (120 доллар) ва маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ (36 доллар) аст.

Дар ҳамин ҳол, қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон кам намешавад. Дар тӯли даҳ моҳи соли 2020, он беш аз 40 миллион сомонӣ (беш аз 3,5 миллион доллар) афзоиш ёфт.

Дар Тоҷикистон қарзи маош ба 65 миллион сомонӣ расид

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар аввали моҳи ноябри соли гузашта қарзи музди меҳнат, бо назардошти солҳои гузашта, беш аз 72,4 миллион сомонӣ (6,3 миллион доллар) зиёд шуд.

Фармони нави Раҳмон баъди пешниҳодоти зиёд кардани стипендияю маош аз соли оянда

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Кумитаи байнидавлатии ИДМ хабар дода буд, ки музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон пасттарин аст. Баландтарин маоши миёна дар ИДМ дар Русия 730 доллар аст.

Пас аз он Беларус меояд, ки шаҳрвандони он ба ҳисоби миёна 518 доллар, дар Арманистон - 375 доллар, дар Озарбойҷон - 370 доллар ва дар Қирғизистон - 239 доллар мегиранд.

Дар Тоҷикистон қаблан гузориш дода мешуд, ки маоши камтарин дар кадом соҳаҳо дода мешавад.

Маълум шуд, ки кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ маоши пастаринро мегиранд.

Кормандони бонк баландтарин маош мегиранд: пасттаринро кӣ?

Дар ҳамин ҳол, баландтарин музди меҳнат барои кормандони миёнаравии молиявӣ (бонкҳо) ва суғурта ба қайд гирифта шудааст, ки 3397 сомонӣ (300 доллар) мебошад.