Тоҷикистон андозбандии Google, Facebook, Apple ва Microsoft -ро ҳатмӣ кард

Ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳо аз қабили Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, аз 1 январи соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳрири нави Кодекси андозро қабул кард, ки тағйироти асосӣ ба андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд (ба истилоҳ “андоз аз Google”).

Азми Давлатзода барои андозбандии Google, Facebook, Apple, Microsoft

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз қаблан иттилоъ дод, ки дар назар доранд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft, Facebook ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонанд.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.

Манбаъ мегӯяд, супорандагони "андози аз Google" шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳалли иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Громов: сабукиҳо дар андозбандӣ метавонад “Газпром”-ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунад

Агар хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон, соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагиҳои (филиалҳои) ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод карда шаванд, онҳо агентҳои (миёнаравҳои) андоз мешаванд.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ, ки мустақиман ё тавассути агентҳо дар ҳудуди Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, дар сатҳи қонунгузорӣ вазифадоранд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ бақайдгирӣ гузоранд. Барои бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) шахси хориҷӣ (ё агенти андоз) бояд ариза ва дигар ҳуҷҷатҳоро дар шакли муқаррарнамуда на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Тоҷикистон мехоҳад аз Google, Facebook, Apple ва Microsoft андоз ситонад

То кунун ин ниҳод дар бораи расман аз қайд гузаштани ягон ширкати хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон иттилоъ надодааст.

Тасмими андозбандӣ кардани "Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 идома дорад.

Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.

Давлатзода гуфт, бақияи қарзи андоз аз 1 миллиард гузашт 

Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.

"Вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом дода мешаванд, ба танзим дарорем. Бояд ба қонуни андози кишвар тағйирот ворид шавад, ки мувофиқи он ширкатҳои хориҷие, ки ба шахсони инфиродӣ хизматрасонии электорниро пешниҳод мекунанд, андоз супоранд",- омадааст дар мактубе, ки Нусратулло Давлатзода ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол карда буд.

Ӯ Русияро далел овард, ки пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.