Омӯзгоре дар шаҳри Кӯлоб осорхона, китобхона ва истгоҳ бунёд кард

Омӯзгори собиқадори деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Қурбонов осорхона, китобхона ва истгоҳ бунёд намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби омӯзгори ҷамоати Зираки деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Қурбонов бинои дуошёна бунёд гардидааст, ки аз осорхона, китобхона ва истгоҳ иборат мебошад.

Дар Тоҷикистон муҷассамаи “Рамзи китоб” бунёд мешавад

Омӯзгори собиқадори шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Қурбонов иқдоми худро саривақтӣ медонад, зеро ҳам осори ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оваранд.

Ошёнаи аввали бино аз истгоҳ ва китобхона иборат мебошад, ки дар ҳолатҳои сармо ё гармӣ мусофирон метавонанд дар он истироҳат намоянд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Дар қисми дигари ошёнаи якум китобхона ҷойгир аст, ки дар он шумораи ками китоб, маҷаллаву рӯзномаҳо бо чанд забон дида мешавад. Абдураҳмон Қурбонов кӯшиш дорад, ки дар оянда рафҳои китобхонаро бо адабиёти зарурӣ пурра намояд.

Ҳазорон аскару сарбозро ройгон ба осорхона мебаранд

Дар ошёнаи дуюм осорхона ҷой гирифтааст, ки аз ёдгориҳои асри 9-10 ва қабл аз он, инчунин замони истиқлоли давлатӣ пур мебошад.

Ба қавли бобои Абдураҳмон, як қисми бозёфтҳои дохили осорхона бо маблағи худӣ харидорӣ шуда, боқимонда туҳфаи шахсони алоҳида аст. Мавсуф талош дорад, ки шумораи бозёфтҳоро дар осорхона бештар кунад.