Зиндон ислоҳ накард: боз мардумро фиреб дода, пули муфт ба даст меовард

Феълан алайҳи Бобоқулзода Назар бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон аз баррасии парвандаи Бобоқулзода Назар хабар медиҳад, ки дар азхудкунии молу мулки ғайр муттаҳам дониста мешавад.

“Мерседес”-и 60 ҳазордоллариро бо 10 ҳазор доллар гирифтаст: шикоят аз қаллобӣ дар Душанбе

Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан низ солҳои 2009 ва 2015 барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 247, 250 ва 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд.

Гуфта мешавад, ӯ пас аз ба озодӣ баромадан, моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Алимназарова барои омода кардани ҳуҷҷатҳои замини хоҷагии деҳқонии "Умар"- и ноҳияи Шаҳритус маблағи 5.039 сомонӣ талаб карда гирифт.

Ҳамчунин, моҳи марти ҳамон сол аз Муродов ном шаҳрванд барои ба манифаташ ҳал намудани санҷиши ариза, ки дар РВКД дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дошт, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, 23 ҳазор сомонӣ гирифт.

Мард занро фиреб дод: боздошти марди 50-сола барои қаллобӣ

Гузашта аз ин, Бобоқулзода бо ҳамин тарзу усул моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Бобомуродов 100 ҳазор сомонӣ талаб карда ба манфиати худ масраф намудааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати Бобоқулзода Назар бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.