Трамп қисман гуноҳашро барои авҷи бетартибиҳо дар Амрико бар ӯҳда гирифт

Кишвардори феълии Амрико Доналд Трамп изҳор доштааст, ки барои сар задани бетартибиҳои ахир дар ин кишвар худро қисман гунаҳкор медонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Раисҷумҳури феълии Амрико Доналд Трамп дар сӯҳбат бо роҳбари ҷумҳурихоҳон дар Палатаи намояндагон, Кевин Маккарти иқрор кард, ки дар ошӯбҳои ҳафтаи гузашта дар Вашингтон то андоза гунаҳкор аст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Fox News.

Конгресс интихоби Ҷо Байденро ба мақоми президенти ИМА тасдиқ кард

Зимнан, худи Маккарти низ зимни як сӯҳбати телефонӣ низ "розӣ шуд, ки Трамп барои ошӯбҳои ахир масъул аст".

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи 6 январ ҷонибдорони кишвардори Амрико Доналд Трамп ҷаласаи Конгрессро халалдор намуданд. Дар ҷаласа бояд натоиҷи интихоботи президентӣ эълон мешуд.

Ҷонибдорони Доналд Трамп, ки аз натиҷаҳои интихобот норизо ҳастанд, дар назди бинои Конгресси Амрико даст ба эътироз заданд. Бо вуҷуди кашмакашҳои зиёди тарафдорони Трамп, Конгресси ИМА расман бар асоси натоиҷи интихоботи президентӣ, интихоби Ҷо Байденро ба мақоми президент тасдиқ кард. 

Обама гуфт эътирозҳои ахир дар Капитолия "беобрӯии бузург" барои Амрико аст

Муайян гардид, ки Байден дар интихоботи президентӣ 306 раъй ба даст оварда, кишвардори феълӣ Доналд Трамп танҳо 232 овоз гирифт.

Байден расман кишвардори Амрико баргузида шуда, маросими савгандёдкунии ӯ рӯзи 20 январ сурат мегирад.